Октябр 30, 2021 10:46 Asia/Dushanbe
  • Иршодӣ: Чеҳраи зишти саҳюнизмро наметавон бо лаффозиҳои беарзиш сафед кард

Заҳро Иршодӣ, сафир ва муовини намояндагии Эрон дар Созмони милал бо баёни инки имрӯз бори дигар шоҳиди иддаоҳои беасоси намояндаи режими саҳюнистӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон будем, гуфт, чеҳраи зишти саҳюнизм, нажодпарастӣ ва апартеидро наметавон бо лаффозиҳои беарзиш сафед кард.

Ба гузориши ИРНА, Заҳро Иршодӣ рӯзи ҷумъа ба вақти маҳаллӣ дар суханоне дар маҷмаъи умумии Созмони милал дар нишасти марбӯт ба гузориши солонаи Шӯрои ҳуқуқи башар афзуд, бар касе пӯшида нест, ки режими кӯдаккуши Исроил ҳарчӣ талош кунад то иттиҳомоти беасос алайҳи Эрон матраҳ кунад, наметавонад ҷиноёти худро, ки рӯзона алайҳи мардуми бегуноҳи Фаластин муртакиб мешавад, пинҳон кунаду чеҳраи зишти саҳюнизм, нажодпарастӣ ва апартеидро наметавон бо лаффозиҳои беарзиш сафед кард.

Вай бо таъкид бар инки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунон нигарони тамаъи рӯзафзӯни бархе кишварҳо барои ҳадаф қарор додани миллатҳои мустақил бо қатъномаҳои кишварӣ аст, афзуд, чунин қатъномаҳое дар ҳақиқат зиёнбахш буда ва таҳдиде ҷиддӣ барои аҳдофи ҳуқуқи башар башумор меоянд.

Иршодӣ гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни такрори мавзеи усӯлии худ пиромуни адами ба расмият шинохтан ва радди қатъномаҳои кишварӣ, ба таомули воқеии худ бо дафтари Комисориёи олии ҳуқуқи башар ва соири механизмҳои зисалоҳи ҳуқуқи башарии СММ бо ҳадафи ҳамкорӣ дар ҷиҳати ҳимояту иртиқои ҳуқуқи башар идома хоҳад дод.

Вай изофа кард, иқдомоти қаҳромези золимона бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз дастрасии мардум ба доруҳои мавриди ниёз ва аз байн бурдани манобеи Эрон дар тӯли ҳамагирии Ковид - 19 тарроҳӣ шудааст. Иршодӣ идома дод, давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон моил аст бар нақши муҳими шӯрои Ҳуқуқи башар дар муқобила ва расидагӣ ба амвоҷи шарӯри нажодпарастӣ, ифротгароии хушунатомез ва тероризм таъкид кунад.

Ин дипломати аршади Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони милал изҳор дошт, Шӯрои ҳуқуқи башар нақшии асосӣ дар афзоиши огоҳии ҷаҳонӣ перомуни таҳаррукоти дастёрони  шарӯри ифротгароӣ ва терроризм дорад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп