Ҳамлаи мусаллаҳона ба тасвирбардори дафтари Садо ва симо дар Кобул
(last modified Sat, 30 Oct 2021 05:51:08 GMT )
Октябр 30, 2021 10:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мусаллаҳона ба тасвирбардори дафтари Садо ва симо дар Кобул

Тасвирбардори афғонистонӣ ва бумии хабаргузории Садо ва симо дар Кобул, асри рӯзи ҷумъа дар Кобул ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии шабакаи “Хабар”, Алиризо Шарифӣ, тасвирбардори афғонистонӣ ва бумии хабаргузории Садо ва симо дар Кобул асри рӯзи (29 октябр) дар наздикии хонаи худ дар Кобул ҳадафи 7 гулӯла қарор гирифт.

Муҳоҷимони ношинос муваффақ ба фирор шуданд.

Шарифӣ аз ин террор ҷони солим бадар бурд.

Тасвирбардори афғонистонӣ ва бумии хабаргузории Садо ва симо ҳангоми ҳамлаи муҳоҷимон дар ҳоли ронандагӣ буд.

Ҳангоми ҳамлаи мусаллаҳона, ҳамсару фарзанди Шарифӣ низ дар дохили худрав буданд.