Октябр 30, 2021 15:25 Asia/Dushanbe
  • Фурсати густариши муносиботи Эрону Авруосиё

Устондори устони Гулистони Эрон  таъкид кард, фурсати муносибе барои густариши муносиботи Эрону Авруосиё фароҳам шудааст .

Алимуҳаммади Зангона, устондори Гулистон дар шимоли Эрон  дар гуфтугӯ бо ИРНА бо ишора ба тавофуқоти ахири давлати сездаҳум бо масъӯлони кишвари Туркманистон дар заминаи афзоиши мизони табодулоти рейлӣ ва ҳали мушкилоти ин бахш гуфт, азми давлат барои ҳали мавонеъи содирот бо Авруосиё фурсати истисноӣ барои ин устон аст.

Вай афзуд, азми давлат дар ҳали мавонеъи тавсеаи табодулоти тиҷорӣ бо кишварҳои Авруосиё бавижа Туркманистон самароти пуршумореро дунбол хоҳад дошт ва ин рӯйкард фурсати истисноии пеши рӯи устони Гулистон аст то битавонад бозорҳои ҳадафи ин минтақаро тасхир кунад.

Устондори Гулистон афзуд, афзоиши содироту тиҷорат бо кишварҳои ҳамсоя яке аз пешшартҳои аслии равнақу таҳаввул дар ин устон аст.

Ба гуфтаи вай, бо тавваҷуҳ ба мазиятҳои фаровони устони Гулистон дар ҳавзаи тавлиди маҳсӯлоти домӣ, зироатӣ ва маъдан тавони содиротии хубе дар Гулистон вуҷӯд дорад, ки бояд аз он зарфият истифода кард.

 

Барчасп