Ноябр 01, 2021 14:26 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши эрониҳо дар Лигаи бартари футзали Тоҷикистон

Маҳдии Мустафоӣ, Рӯҳуллоҳи Исорӣ,Муҳсини Муҳаммадизода ва Алии Микоилӣ аз ҷумлаи бозикунони эронӣ ҳастанд, ки ин фасл ба ҳамроҳи тими футзали Соро компания дар Лигаи бартари футзали Тоҷикистон хуш дурахшиданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо поён ёфтани рақобатҳои Лигаи бартари футзали Тоҷикистон қарордоди ин 4 бозикун ҳам ба итмом расидааст ва дар рӯзҳои оянда ба кишвари Эрон боз хоҳанд гашт, то идомаи бозиҳои худро дар лиги бартари футсоли Эрон идома диҳанд .

Дар чорчӯби мусобиқоти Лигаи бартари футзали Тоҷикистон, тими Соро компания дируз муваффақ шуд дар дидори ниҳоӣ баробари Сипари Хуҷанд ба бартарӣ расида ва барои сеюмин давраи паёпай ҷоми қаҳрамонии ин рақобатҳоро аз они худ кунад .



Бештар бихонед :

 

Барчасп