Вазири хориҷаи Эрон ба Ҳинд сафар мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i76274
Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳинд гуфт : Вазири умӯри хориҷаи Эрон қасд дорад авохири моҳи милодии ҷорӣ ( ноябр ) барои ҳузур дар Комиссиюни муштараки иқтисодии Ҳинду Эрон ба Деҳлии нав сафар кунад .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 01, 2021 16:21 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Эрон ба Ҳинд сафар мекунад

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳинд гуфт : Вазири умӯри хориҷаи Эрон қасд дорад авохири моҳи милодии ҷорӣ ( ноябр ) барои ҳузур дар Комиссиюни муштараки иқтисодии Ҳинду Эрон ба Деҳлии нав сафар кунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Алии Чигинӣ-сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳинд афзуд : Сафари Ҳусайни Амирабдуллоҳиён- вазири умӯри хориҷаи Эрон ба Ҳинд навиддиҳандаи асри ҷадиде барои ду кишвар аст .

Чигинӣ ҳамчунин гуфт : Эрон ҳеҷ маҳдудият ва мамнӯъияту монеъӣ барои тавсеаи равобит бо Ҳинд надорад .
Сафири Эрон дар Ҳинд дар бораи пружаи бандари Чобаҳори Эрон низ гуфт : Агарчи Ҳинд пружаи бандари Чобаҳорро « дарвозаи тиллоӣ » ба Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Аврупоӣ шарқӣ медонад, аммо « фаъолияти кофӣ » аз сӯи Ҳинд сурат намегирад .
Чигинӣ бо баёни инки Чобаҳор бар рӯйи коғаз машмӯли таҳримҳои ғайриқонӯнии Амрико намешавад, афзуд : Ҳануз аз сӯи тарафи ҳиндӣ тарс вуҷуд дорад ва шояд камии бим аз сӯи тарафҳои дигар барои сармоягузорӣ ва кор дар Чобаҳор вуҷуд дошта бошад .

Сафири Эрон дар Ҳинд ҳамчунин ба таҳаввулоти Афғонистон ишора кард ва гуфт : Эрон дар гуфтугуҳо дар сатҳи мушовирони амнияти миллӣ дар хусӯси Афғонистон дар деҳлии нав ки ба мизбонии мушовири амнияти миллии Ҳинд баргузор хоҳад шуд, ширкат мекунад .

Чигинӣ бо баёни ин ки Афғонистон набояд ба маҳалле табдил шавад, ки террористҳо битавонанд аз он ҷо алайҳи кишварҳои ҳамсояу минтақа истифода кунанд, афзуд : Мардуми Афғонистон ҳақ доранд аз як зиндагии хуб лаззат бибаранд . Мо эҳсос мекунем оташ дар кишвари ҳамсояи мо оташро ба хона хоҳад овард.



Бештар бихонед :