Амрико бо идомаи тероризми иқтисодӣ наметавонад муддаии музокира ва тавофуқ бошад
(last modified Sun, 07 Nov 2021 06:28:48 GMT )
Ноябр 07, 2021 11:28 Asia/Dushanbe
  • Амрико бо идомаи тероризми иқтисодӣ наметавонад муддаии музокира ва тавофуқ бошад

Вазири умӯри хориҷаи Эрон таъкид кард : Амрико наметавонад сиёсати шикастхӯрдаи фишори ҳаддиаксарӣ ва тероризми иқтисодиро идома додаву ҳамзамон муддаии музокира ва тавофуқ бошад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз идораи кулли итилоърасонӣ ва умӯри сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён ва Ванг И, узви Шӯрои Давлатӣ ва вазири умӯри хориҷаи Чин дар тамоси телефонӣ дар хусӯси раванди муносиботи дуҷониба, музокироти ояндаи Вена ва таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ табодули назар намуданд .

Амирабдуллоҳиён зимни қадрдонӣ аз ҳамкории давлати Чин барои ирсоли 120 миллион дозаи воксан ба Эрон, аз равобити рӯ ба густариши ду кишвар ибрози хурсандӣ кард ва бар ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон аз ибтикори ҷаҳонии Пекин дар заминаи тавсеъаи пойдор ва ҳамкории наздик бо Чин дар ин хусус таъкид намуд.
Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар хусӯси музокироти Вена изҳори умедворӣ кард, ки Амрико ва тарафҳои аврупоӣ ба сурати воқеъбинона вориди музокира шаванд, то тавофуқ ба суръат ҳосил шавад .
Вай дар заминаи анҷоми вазоифи Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар Эрон ибрози итминон намуд ин ҳамкориҳо дар чорчӯби тавофуқоту муқаррарот ба хубӣ идома хоҳад ёфт.

Амирабдуллоҳиён дар хусӯси авзоъи Афғонистон бо таъкид бар зарурати ташкили давлати фарогир, ибрози умедворӣ кард нишасти ҳамсоягони Афғонистон дар Пекин дар идомаи нишасти созандаи Теҳрон бо муваффақият баргузор гардад.
Ванг И-вазири умӯри хориҷаи Чин низ зимни истиқболу эъломи ҳимоят аз тадовуми музокироти ҳастаӣ, Амрикоро омили аслии мушкилоти ба вуҷуд омада дар роҳи иҷрои Барҷом донист ва ибрози умедворӣ кард, ки онҳо ин иштибоҳи худро бо рафъи ҳамаҷонибаи таҳримҳо ҷуброн кунанд, то дар партави рӯйкарди мусбати Эрон  музокироти пеши рӯ ба натоиҷи хубе мунҷар шавад .
Вазири умӯри хориҷаи Чин зимни даъват аз ҳамтои эронӣ барои сафар ба Пекин, ибрози умедворӣ намуд иҷлоси сеюми ҳамсоягони Афғонистон дар Чин битавонад бо мушорикати фаъоли ҳамсоягон, аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон  муҷиби ташкили давлати фарогир ва босубот дар Афғонистон гардад .

 

Барчасп