Ноябр 07, 2021 18:03 Asia/Dushanbe
  • Масоили гумрукӣ, фаъолияти бозорчаҳои марзӣ ва табодулоти коло дар ин нишаст баррасӣ шуд
    Масоили гумрукӣ, фаъолияти бозорчаҳои марзӣ ва табодулоти коло дар ин нишаст баррасӣ шуд

Нуҳумин иҷлоси Кумитаи муштараки тиҷории Эрону Покистон бо ҳузури Саидризои Фотимии Амин, вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон ва Абдулразоқ Довӯд, мушовири нахуствазири Покистон дар умӯри тиҷорату сармоягузорӣ рӯзи шанбе дар Теҳрон ташкил шуд.

Равобити байни бонкӣ, масоили гумрукӣ, фаъолияти бозорчаҳои марзӣ, табодулоти коло ва ҳамчунин ташкили кумитаи ҳайатҳои тиҷорӣ барои рафъи мавонеъ аз сӯи ду тараф, аз ҷумлаи мавзуоте аст, ки дар ин нишаст баррасӣ шуд.

Ҳамкориҳои дерина ва равобити дӯстонаи тиҷорӣ бо Покистон, ин кишварро дар авлавияти тавсеаи муносиботи иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Эрон қарор додааст. Ин ҳамкориҳо аз ҷанбаҳои мухталиф барои Эрону Покистон ҳоиз аҳаммият аст.

Муҳаммадризо Карбосӣ, муовини байналмилали Утоқи бозаргонии Эрон дар ин бора мегӯяд, бо тавваҷуҳ ба пешинаи равобиту наздикиҳои фарҳангии Покистон бо Эрон, ду кишвар дорои зарфиятҳои беназире барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ҳастанд, аммо набуди зерсохтҳои муносиб барои фаъолиятҳои тиҷорӣ ва ҳамчунин вуҷӯди бархе мушкилот дар табодулоти бонкӣ бо Покистон, аз ҷумлаи мавонеъи тиҷорати мустақим байни ду кишвар аст.

Бо имзои мувофиқатномаи тиҷорати озод метавон муровидоти колоӣ байни ду кишварро тасҳил кард. Дар ин замина бандари Чобаҳор дар ҷануби шарқии Эрон бо тавваҷуҳ ба зарфиятҳои тиҷории худ фурсати камназиреро барои муровидоти тиҷорӣ бо кишварҳои минтақа фароҳам сохтааст. Ин бандари чандманзураи уқёнусӣ дар содироту транзити коло аз Покистону Ҳинд ба Эрон ва кишварҳои ҳамҷавори аҳаммияте роҳбурдӣ дорад.

Раҳимҳаёти Қурайшӣ, сафири Покистон дар Ҷумҳурии исломӣ дар ин бора мегӯяд; "бояд аз мавқеъияти ҷуғрофиёии Покистон, ки моро дар канори як кишвари ғанӣ аз энержӣ, яъне Эрон қарордода, ба таври ҷиддӣ истифода кунем."

Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар эҷоди беҳтарин равобит бо ҳамсоягон,  авлавияти худро дар рафъи мавонеъи ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Покистон ва ҳаракат дар чорчӯби мувофиқатномаҳои дуҷонибаи тиҷорӣ ва ҳамчунин баҳрагирӣ аз паймонҳои чандҷониба назири ЭКО, D8 ва утоқҳои бозаргонии байналмилалӣ қарор додааст.

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, зарфиятҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ дар Эрону Покистон, мутанаввеъ ва дар айни ҳол мукаммили якдигар ҳастанд. Дар ҳамин росто, мушовири нахуствазири Покистон дар умӯри тиҷорат ва сармоягузорӣ бо таъкид бар алоқамандии Исломобод ба тавсеаи муносиботи иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Эрон, баргузории нишасти Теҳронро оғозгари расидагӣ ба мушкилоту мавонеъи мавҷӯд дар роҳи тавсеаи муносиботи тиҷории ду кишвар донист ва таъкид кард, Покистон хоҳони пешрафт дар ҳамаи ҳавзаҳо, аз ҷумла ҳамлу нақли озоди колоҳо миёни ду кишвар, аз ҷумла дар бозорчаҳои марзӣ ва истифода ва баҳрамандӣ аз мазоёи тавофуқи тиҷорати озод миёни ду кишвар аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон бар н бовар аст, ки бо тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Покистон метавон равобити минтақаиро иртиқо доду пружаҳои маъатталмонда монанди хати лӯлаи газро такмил кард.

Аз ин дидгоҳ, мавзӯот ва тасмимоте, ки дар нишасти иқтисодии Эрону Покистон мавриди таъкиду тавваҷуҳ қарор гирифт, ҳокӣ аз азми мақомҳои ду кишвар барои тавсеаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо истифода аз зарфиятҳои мавҷӯд дар ду кишвар аст. Аз ин рӯ, интизор меравад бо тасмимоти иттихоз шуда дар нуҳумин иҷлоси Кумитаи муштараки тиҷории Эрону Покистон ва эъломи омодагии ду тараф барои рафъи мавонеъи тиҷорӣ, зарфи чанд моҳи оянда масири равобити тиҷории ду кишвар ҳамвор шавад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп