Маҳдудияти вуруди мошинҳои эронӣ ба Афғонистон бартараф шуд
(last modified Mon, 08 Nov 2021 05:33:36 GMT )
Ноябр 08, 2021 10:33 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудияти вуруди мошинҳои эронӣ ба Афғонистон бартараф шуд

Ройзани собиқи Эрон дар Афғонистон гуфт : Дар иблоғияи расмӣ таъкид шуда, ки маҳдудиятӣ дар тараддуди мошинҳои эронӣ эҷод нашавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Созмони тавсеъаи тиҷорат, ройзани собиқи Эрон дар Афғонистон бо баёни инки давлати ҷадиди ин кишвар ба таври расмӣ эълом карда, ки равобити ҳасанаи иқтисодии худро бо кишварҳои ҳамсоя ҳифз мекунад, гуфт : Дар иблоғияи расмӣ таъкид шуда, ки маҳдудияте дар тараддуди мошинҳои эронӣ эҷод нашавад .
Муҳаммади Маҳдӣ Ҷавонмарди Қассоб афзуд : Дар иблоғияи расмӣ бар адами эҷоди маҳдудият дар тараддуди мошинҳои эронӣ аз сӯи Афғонистон таъкид шудааст .
Ба гуфтаи ройзани собиқи Эрон дар Афғонистон, масири транзитӣ миёни Эрону Афғонистон тибқи риволи гузашта боз будаву ҷараёни коло дар ду сӯии марзҳо барқарор аст .

Дар моҳҳои гузашта ба далели бархе таҳаввулот дар арсаи сиёсиву низомии Афғонистон тараддуд дар марзҳо бо мушкилоте мувоҷеҳ шуд, аммо акнун вазъияти марзҳо ором шудааст.