Нойиб-қаҳрамонии Эрон дар гуштини озоди зери 23 соли ҷаҳон
Тими гуштини озоди зери 23 соли Ҷумҳурии исломии Эрон бо касби як медали тилло, 2 нуқра ва 5 бринҷӣ унвони нойиб-қаҳрамонии рақобатҳои ҷаҳонии Сербистонро аз он худ кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар поёни рақобатҳои гуштини озоди зери 23 сол ( умедҳо )-и ҷаҳон дар шаҳри Белгради Сербистон, тими Эрон бо як медали тиллои Амиралии Озарпиро дар вазни 97 килограм, 2 медали нуқраи Муҳаммадсодиқи Фирӯзпур ва Саҷҷоди Ғуломӣ дар вазнҳои 74 ва 86 килограм ва 5 медали бринҷии Аҳмади Муҳаммаднажоди Ҷавон, Алиакбари Фазлӣ, Алии Саводкуҳӣ, Амирҳусайни Фирӯзпур ва Сайидмаҳдии Ҳошимӣ дар вазнҳои 57, 70, 79, 92 ва 125 килограм ва касби 140 имтиёз ба унвони нойиб-қаҳрамонӣ даст ёфт .
Тимҳои Русия бо 145 имтиёз ва тими Арманистон бо 114 имтиёз низ ба тартиб унвонҳои аввалу сеюмро аз они худ карданд .
Рақобатҳои гуштини озоди зери 23 соли ҷаҳон рӯзҳои 5 то 7 ноябр баргузор шуд .
Бештар бихонед :
- Эъломи феҳристи харидорони ваксинаи русии корона; номи Тоҷикистон нест
-
Қаҳрамонии зудҳангоми озодкорони Эрон дар рақобатҳои қаҳрамонии Осиё
-
Бозтоби лигаи куштии Эрон дар сайти Иттиҳодияи ҷаҳонии куштӣ