Ноябр 08, 2021 18:23 Asia/Dushanbe

Тими миллии футболи Эрон барои баргузории охирин дидори даври рафти марҳалаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар дар гуруҳи A-и Осиё, муқобили тими миллии футболи Лубнон вориди фурудгоҳи байналмиллалӣ Бейрут шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садову Симо аз Бейрут, теъдодӣ аз лигеонерҳои даъватшуда ба тими миллӣ ҳам дар ду рӯзи оянда ба Лубнон меоянд.

Муҳимтарин тағйир дар таркиби асомии эъломшуда аз сӯи Драган Скочич-сармураббии тими миллии футболи Эрон адами ҳузури Маҳдии Торимӣ-ситораи тими Портои Португалия мебошад, ки то кунун голҳои ҳассосеро низ барои тими миллии Эрон дар ин рақобатҳо ба самар расондааст .

Дидори тимҳои миллии футболи Эрону Лубнон панҷшанбе 11 ноябр дар варзишгоҳи 18 ҳазор нафарии шаҳри Сайдо ва бидуни ҳузури тамошогар баргузор хоҳад шуд .
Тибқи эъломи AFC довароне аз кишвари Қатар қазовати ин дидорро бар уҳда доранд .



Бештар бихонед :

 

Барчасп