Ноябр 09, 2021 15:14 Asia/Dushanbe
  • Поёни размоиши муштараки “Зулфиқор – 1400” –и артиши Ҷумҳурии исломии Эрон

Размоиши муштараки “Зулфиқор – 1400” -и артиши Ҷумҳурии исломии Эрон бо баргузории режаи шиноварҳои сатҳӣ ва зерсатҳӣ, аз ҷумла новшикани комилан эронии Дено, ба кори худ поён дод.

Дар размоиши муштараки “Зулфиқор- 1400” -и артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, анвои ягонҳои шиновари сатҳӣ ва зерсатҳии Нерӯи дарёии артиш, шомили новшикани тамом Эронии Дено, анвои новшиканҳо, новҳои мушакандоз, новҳои нерӯбар ва зердарёиҳои класси Ториқ ва Қадир аз муқобили новшикани сарфармондеҳии Саҳанд режа (парад) рафтанд.

Ҷангандаҳои F- 4, мираж ва ҳавопаймои шиносоии P3F –и Нерӯи ҳавоии артиш ва анвои болгарди Нерӯи дарёии артиш, ягонҳои сатҳӣ ва зерсатҳиро дар ин режа (парад) ҳамроҳӣ карданд.

Таҷҳизоти ҳозир дар маросим ва режаи поёнии размоиши муштараки “Зулфиқор – 1400” танҳо бахше аз имконоти бакоргирифташуда бо такя бар зарфияти ягонҳои минтақа буд, ки дар ин размоиш ширкат доштанд.

Амири дарёдор Сайид Маҳмуди Мӯсавӣ, сухангӯи размоиши муштараки “Зулфиқор – 1400” дар ин замина гуфт: Ин размоиш бо иҷрои сериалҳо ва сенарияҳои низомии мухталиф дар минтақаи амалиётие бо вусъати беш аз як миллион метри мураббаъ баргузор шуд.

Дарёдор Мӯсавӣ бо ишора ба аҳдофи размоиши муштараки “Зулфиқор – 1400” –и артиш афзуд: Ин размоиш бо аҳдофе аз ҷумла иртиқои тавони разму дифоъ аз истиқлол, тамомияти арзӣ ва низомии Ҷумҳурии исломии Эрон, идома ва тақвияти ҳузури асаргузор дар обҳои дурдасти байналмилалӣ, иртиқои омодагии артиш барои истодагӣ дар баробари зиёдахоҳии душманон ва шабеҳсозии муҳити размии воқеӣ баргузор шуд.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

 

Барчасп