Ройзании Боқирии Канӣ бо мудири кулли сиёсии Вазорати хориҷаи Фаронса дар Порис
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i76644-Ройзании_Боқирии_Канӣ_бо_мудири_кулли_сиёсии_Вазорати_хориҷаи_Фаронса_дар_Порис
Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дар мақсади аввали сафараш ба чанд кишвари аврупоӣ, бо мудири кулли сиёсии Вазорати хориҷаи Фаронса дар Порис дидор ва гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Ноябр 10, 2021 10:32 Asia/Dushanbe
  • Ройзании Боқирии Канӣ бо мудири кулли сиёсии Вазорати хориҷаи Фаронса дар Порис

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дар мақсади аввали сафараш ба чанд кишвари аврупоӣ, бо мудири кулли сиёсии Вазорати хориҷаи Фаронса дар Порис дидор ва гуфтугӯ кард.

Алӣ Боқирии Канӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон, ки дар аввалин мақсади сафараш ба чанд кишвари аврупоӣ дар Порис ҳузур дорад, бо Филипп Аврора, мудири кулли сиёсии Вазорати хориҷаи Фаронса дар маҳалли ин вазоратхона дидору гуфтугӯ кард.

Боқирӣ, қарор аст аз Порис роҳии Берлин шавад ва баъд аз он ҳам ба Британия сафар хоҳад кард ва Испания низ аз дигар мақсади сафари муовини вазири хориҷаи Эрон дар ин сафар аст.

Боқирии Канӣ дар паёме дар ин бора навишт: Аз ҳеҷ кӯшише барои пешбурди манофеи миллии худ, аз ҷумла лағви таҳримҳои ғайриқонунӣ фурӯгузор нахоҳем кард.

 

Бештар бихонед: