Омодагии Эрон барои роҳандозии барномаҳои омӯзишӣ барои ҷавонони Афғонистон
(last modified Wed, 10 Nov 2021 05:33:42 GMT )
Ноябр 10, 2021 10:33 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон барои роҳандозии барномаҳои омӯзишӣ барои ҷавонони Афғонистон

Сарконсули Ҷумҳурии исломии Эрон дар вилояти Ҳироти Афғонистон дар дидор бо сарпарасти идораи иттилооту фарҳанги Толибон дар ин вилоят, аз омодагии Эрон барои роҳандозии барномаҳои омӯзишӣ барои ҷавонони Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, Муҳаммади Сиддиқифар дар ин дидор бо баёни ин ки Эрон ва Афғонистон муштаракоти зиёде дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла фарҳангӣ, динӣ ва иҷтимоӣ доранд, эълом кард, Эрон омода аст бо мардум ва давлати муваққати Афғонистон дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла масоили фарҳангӣ ҳамкорӣ кунад.

Сиддиқифар дар ин дидор хотирнишон кард, Теҳрон омодагӣ дорад бо роҳандозии барномаҳои омӯзишӣ барои ҷавонони Афғонистон, зарфияти илмии онҳоро боло бибарад.

Мавлавӣ Наималҳақ Ҳаққонӣ, сарпарасти идораи иттилооту фарҳанги Толибон дар вилояти Ҳироти Афғонистон низ дар ин дидор бо баёни ин ки Афғонистон ва Эрон дорои забону фарҳанги муштарак ҳастанд, хотирнишон кард, давлати муваққати Афғонистон хостори равобити дӯстона бо Ҷумҳурии исломии Эрон мебошад.

Мавлавӣ Наималҳақ Ҳаққонӣ дар идома дар хусуси ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои мухталиф гуфт: Давлати муваққати Афғонистон тибқи механизми мушаххас аз фурсатҳои ба вуҷудомада дар ояндаи наздик истифода хоҳад кард.