Ноябр 11, 2021 10:51 Asia/Dushanbe
  • Боқирӣ барои идомаи ройзаниҳо вориди Лондон шуд

Муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон дар идомаи сафараш ба Аврупо, дар садри ҳайати дипломатӣ барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомҳои Англия вориди Лондон шуд.

Алии Боқирии Канӣ, муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон тибқи барномаи эълом шуда (панҷшанбе), бо ҳамтои англиси худ ва чанд тани дигар аз мақомоти вазорати умӯри хориҷаи Англия дар бораи масоили дуҷониба ва минтақаӣ гуфтугӯ хоҳад кард.

Ройзанӣ дар бораи музокироти Вена аз дигар масоиле аст, ки дар дастури кори гуфтугӯҳои Боқирӣ қарор дорад.

Даври ҷадиди музокироти Вена дар бораи лағви таҳримҳои золимона ва ғайриинсонӣ қарор аст 29 ноябри 2021 азсар гирифта шавад.

Боқирӣ, ки пеш аз Лондон ба Порису Берлин сафар карда буд дар паёмае навишт: "дар идомаи ройзанӣ бо ҳамкорони худ дар дигар кишварҳо, дар рӯзҳои оянда бо чанд ҳамтои аврупоӣ мулоқот хоҳам кард".

Муовини вазири умӯри хориҷаи Эрон афзуд: "табодули назар дар бораи мавзӯоти дуҷониба ва минтақа ва низ гуфтугӯҳои оянда дар дастури кор аст. Мо аз ҳеҷ кӯшише барои пешбурди манофеи миллии худ, аз ҷумла лағви таҳримҳои ғайриқонӯнӣ, фурӯгузор нахоҳем кард".

Боқирӣ бо таъкид бар инки мо дар Вена музокираи ҳастаӣ надорем тасреҳ кард, мавзӯи аслии мо дар ин музокирот пайёмадҳои ношӣ аз хурӯҷи Амрико аз БарҶом аст, ки ин пайёмадҳо фақат мунҳасир ба таҳримҳои ғайри қонӯнӣ аст, ки алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон вазъ шудааст.

Барчасп