Ноябр 11, 2021 22:05 Asia/Dushanbe

Шогирдони Скочич бо бозгашти руъёӣ ба бозӣ тавонистанд дар дақиқаи 90+5 бо голи Аҳмади Нуруллоҳӣ бозии бохтаро пас аз чанд дақиқа ба пирӯзӣ табдил кунанд .

  • Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими миллии футболи Эрон дар мусобиқоти муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар тавонист ба лутфи ду гол дар вақтҳои изофаи бозӣ ,тими миллии футболи Лубнонро дар хона шикаст диҳад .


Тими Эрон дар 90 дақиқаи ин бозӣ аз ҳарифи худ бо як гол ақиб буд, аммо дар 5 дақиқаи изофаи ин бозӣ ин шогирдон Скочич буданд, ки бо ду голи Сардор Озмун ва Аҳмади Нуруллоҳӣ тавонистанд ба унвони тими пирӯз аз замин хориҷ шаванд.
Ин мусобиқа дар шароите баргузор мешуд, ки ғайбати Маҳдии Торимӣ-фавқиситораи эронӣи ҳам урдуи Эрон ва ҳам урдуи тими миллии футболи Лубнонро таҳти таъсир қарор дода буд .

Дар ин мусобиқа Эрон, ки аз 4 бозии гузашта 10 имтиёз касб карда ва садрнишини гуруҳ буд ба фикри як бурди дигар буд ва дар сӯи дигар Лубнон низ, ки бо касби 5 имтиёз аз мусобиқоти гузашта рутбаи сеюмро дар ихтиёр дошт, умедвор буд бо як тасовӣ ба кори худ дар ин давр поён бидиҳад.

Дар дақиқаи 37 ирсоли бисёр баланду маввоҷи Аббоси Осӣ-мудофеъи рости тими миллии футболи Лубнон каме онтарафтар аз тираки дувум дар шароите, ки дарвозабон Байронванд ба гумони аут(хориҷ шудани туб) истода буд, ба Саъид расид ва ин бозикун ҳам пас аз контроли бисёр хуби туб, муваффақ шуд дарвозаи Байронвандро, ки иштибоҳ шерҷа зада буду зовияи мувофиқро холӣ кард, боз кунад то бархилофи пешбиниҳо ин Лубнон бошад, ки голи аввали бозиро ба самар рисондааст .
Дар дақиқаи 90+1 Сардор Озмун рӯйи паси Ваҳиди Амирӣ, ки бо пас аз иштибоҳи мудофеъ ҳариф тавонист бо як зарбаи беруни по дарвозаи Лубнонро боз кунад .

Дар шароите ки сонияҳои бештар ба поёни бозӣ ва вақтҳои изофӣ боқӣ намонда буд, нуфӯзи Ваҳиди Амирӣ аз самти рости хати дифои тими футболи Лубнон бо паси рӯ ба ақиби бисёри хуби ӯ ҳамроҳ шуд . Зарбаи аввали Озмун ба мудофеъи Лубнон бархӯрд кард ва ба пушти муҳавватаи ҷарима расид, ки Аҳмади Нуруллоҳӣ мунтазир буд то бо зарбаи дақиқ голи дувуми бозиро дар айни нобоварӣ ба самар бирасонад .

 

Барчасп