Ноябр 12, 2021 18:55 Asia/Dushanbe
  • Корона ҷони 109 нафари дигарро гирифт

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, 109 нафари дигар тайи 24 соати гузашта ҷони худро бар асари корона аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 127 ҳазору 918 нафар расид.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, дар шабонарӯзи гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 7 ҳазору 322 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 158 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.

Маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба шаш миллиону 272 ҳазору 69 нафар расид.

Ҳамчунин то кунун 5 миллиону 670 ҳазору 656 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

Бинобар эъломи равобити умумии Вазорати беҳдошт, то кунун 55 миллиону 511 ҳазору 128 нафар дозаи аввал, 41 миллиону 650 ҳазору 237 нафар дозаи дувум ва 398 ҳазору 881 нафар дазаи сеюми воксани коронаро тазриқ кардаанд.

Маҷмӯи воксанҳои тазриқшуда дар Эрон низ ба 97 миллиону 560 ҳазору 246 доза расид.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп