Ноябр 12, 2021 19:55 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар афзоиши ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрон ва Афғонистон

Устондори Хуросони Разавӣ, шимолишарқи Эрон, густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрон ва Афғонистон ва баҳрагирӣ аз зарфиятҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталифро хостор шуд.

Яъқубалии Назарӣ, устондори Хуросони Разавӣ дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба сафар ба минтақаи сифри марзии Шамтиғ ва боздид аз вазъи хати роҳи оҳани Хоф ба Ҳироти Афғонистон ва ҳамчунин шароити бозорчаи марзии Хоф гуфт: Кишвари Афғонистон ҳамсояи Эрон аст ва ду кишвар бояд аз зарфиятҳои якдигар истифода кунанд.

Назарӣ афзуд: Роҳандозии роҳи оҳани Хоф аз шохисҳои баҳраманде аз зарфиятҳои иқтисодии Эрон ва Афғонистон буда, ки дар ҳоли баҳрабардорӣ аст ва бояд аз ин мазият дар густариши содирот баҳрабардорӣ кард.

Устондори Хуросони Разавӣ гуфт: Мардуми Афғонистон ба имконоти Ҷумҳурии исломии Эрон ниёз доранд ва қарор аст тафоҳумҳои қаблӣ миёни ду кишвар амалӣ ва иҷроӣ шавад.

Роҳи оҳани Хоф - Ҳирот ба тӯли 140 километр, ки декабри соли гузашта ба баҳрабардорӣ расид, устони Хуросони Разавии Эронро ба Ҳирот, дуюмин шаҳри пурҷамъияти Афғонистон муттасил мекунад.

Раиси Шӯрои таъмини Хуросони Разавӣ ҳамчунин дар бораи амнияти марзҳо ва шаҳрҳои марзии устон низ гуфт: Ҳеҷ мушкили амниятӣ дар Хуросони Разавӣ ва шаҳрҳову рустоҳои он ва ҳамчунин марзҳои шарқи кишвар вуҷуд надорад ва ҳамаи дастгоҳҳо ба вазоифи худ ба хубӣ амал мекунанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп