Ноябр 13, 2021 09:58 Asia/Dushanbe
  • Беморони кишварҳои ҳамсоя метавонанд дар қолаби туризми саломат ба Эрон сафар кунанд

Муовини умӯри байналмилалии Утоқи бозаргонии Эрон гуфт, беморони кишварҳои ҳамсоя метавонанд дар қолаби туризми саломат ба Эрон сафар кунанд.

Муҳаммадризо Карбосӣ, муовини байналмилалии Утоқи бозаргонии Эрон дар нишасти ҳамоҳангии панҷумин Конфронси гардишгарии саломати кишварҳои исломӣ аз тавонбахшии хусӯсӣ барои ироаи хадамоти гардишгарии саломат ба мусофирони хориҷӣ хабар доду афзуд, барои як давраи панҷсола Эрон тавониста рушди бисёр хуберо дар ин ҳавза сабт кунад.

Карбосӣ бо ишора ба зарфияти Эрон дар гардишгарии саломат тасреҳ кард, Тоҷикистон, Афғонистон, Уммон, Ҷумҳурии Озарбойҷону Ироқ ба унвони кишварҳои ҳадафи аввалияи Эрон дар ин замина матраҳ ҳастанд ва дар гомҳои баъдӣ имкони истифода аз зарфияти соири кишварҳо низ вуҷӯд хоҳад дошт.

Дар солҳои гузашта бо тавваҷуҳ ба тавсеаи зерсохтҳои беҳдоштӣ, теъдоди зиёде аз беморони кишварҳои ҳамсоя барои дарёфти хадамоти дармонӣ ба Эрон сафар карданд.

 

Барчасп