Ноябр 11, 2016 16:50 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Тарафҳо ба тавофуқи ҳастаӣ пойбанд бошанд

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, тавофуқи ҳастаӣ мувофиқатномае якҷониба нест, ки як тараф битавонад онро пора кунад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарӣ бо Мирослав Лаҷкак, вазири умури хориҷаи Словакия таъкид кард, Эрон аз ҳамаи тарафҳо мехоҳад ба мувофиқатномаи ҳастаии байналмилалӣ, ки соли гузашта имзо шуд, пойбанд бошанд, зеро агар чунин иттифоқе наафтад, гузинаҳое вуҷуд дорад.

Вазири хориҷаи Эрон ин изҳоротро пас аз интихоби Доналд Трамп ба унвони раиси ҷумҳурии ҷадиди Амрико баён кард, ки дар ҳангоми таблиғоти интихоботии худ гуфта буд, бо ин мувофиқатнома ба шиддат мухолиф аст.

Зариф афзуд: “Албата гузинаҳои Эрон маҳдуд нест, аммо мо умедворем, моилем ва тарҷеҳ медиҳем, ки ин мувофиқатномаи ҳастаӣ ба таври комил иҷро шавад”.