Ноябр 14, 2021 10:22 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи валодати Имом Ҳасани Аскарӣ ( ъ ) муборак бод!

Якшанбе -ҳаштуми раббеъус-сонии 1443 баробар бо 14 ноябри 2021 солрӯи мелодӣ Имом Ҳасани Аскарӣ ( ъ ) башоратдиҳандаи мунҷиии мавъуд ( аҷ ) аст .

Мардуми Эрон дар солрӯзи мелоди ин Имоми ҳумом шаҳрҳои худро озин баста ва бо пахши ширинӣ ва шарбат ин рӯзи бузургро ҷашн мегиранд .
Ҳазрати Имом Ҳасани Аскарӣ ( ъ ) дар ҳаштуми раббеъус-сонии  232 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина дида ба ҷаҳон гушуданд .
Ин Имоми ҳумом бо табйини андешаҳои исломӣ ва радди шубҳаҳои динӣ дар ҳифз ва густаришии дини ислом ҳиммат гумоштанд ва бо табйини амалкарди мусулмонон дар замони имоматии ҳазрати Меҳдӣ ( аҷ ), ононро барои давраи ғайбати охирин имоми маъсӯм омода карданд .
Имом Ҳасани Аскарӣ ( ъ )  муффасири беназири Қуръони Маҷид буданд ва дар тӯли даврони имоматии хеш шеваи саҳеҳи тафсири ин китоби осмониро барои мардум равшан ва бо башорати омадании мунҷиии мавъӯд, мусулмононро ба дастёбӣ ба ормонҳои волои ислом умедвор карданд .
Имом Ҳасани Аскарӣ ( ъ ) дар давраи кӯдакӣ аз сарчашмаи дониши падари худ, Имом Ҳодӣ ( ъ ) баҳраманд шуданд ва дар 22 солагӣ бо шаҳодати падари бузургворашон, рисолати сангини имоматро ба муддати 6 сол то ҳангоми шаҳодат бар уҳда гирифтанд .

 

Барчасп