Ноябр 14, 2021 18:39 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муъаззами инқилоб аъзои нави Шӯрои олии инқилоби фарҳангиро мансуб карданд

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар ҳукме аъзоъи Шӯрои олии инқилоби фарҳангиро барои давраи нав мансуб карданд .

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҳукме бо интисоби аъзои Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ барои як давраи нав ва чаҳорсола, зимни ташаккур аз заҳамоти аъзои собиқ бавижа донишмандону устодоне, ки дар давраи нав ҳузур нахоҳанд дошт, шокилаву ороиши умумии фарҳанг бар асоси назму муҳтавои инқилобиро ягона василаи амон мондан дар баробари ҳуҷуми фарҳангӣ ва расонаии бегонагон донистанд.
Дар ҳукми Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ омадааст: Вуруд дар дуюмин чиҳилвораи инқилоби исломӣ, ки бо оғози садаи  нави ҳиҷрии шамсӣ ҳамзамон шудааст, нигоҳи нав, осебшиносонаву рӯзомадсоз ба маҷмӯъае аз зерсохтҳои тамаддуниро зарурӣ месозад .
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ бо баёни инки дар сарварии ин маҷмӯъа баҳси фарҳанг аст, фармуданд: Фарҳанг-ҷиҳатдиҳанда ҳамаи иқдомҳои асосӣ ва зербиноии ҷавомеъи башарӣ ва шитобдиҳанда ё кундкунандаи он аст; ин рӯйкард дар марҳалаи кунунӣ асосан нозир ба тақвияти нигоҳу эҳсоси масъулияти мутасадиёни фарҳангӣ ва нухбагону фаъолони арсаҳои гуногуни кишвар ба мақулаи фарҳанг ва падид омадани ин бовари амиқ аст, ки фарҳангсозӣ дар ҳар як аз аҷзоъи тамаддунии ҷомеъа, бартарин василае пешрафту муваффақияти он ва бениёзкунанда аз абзорҳои илзомовар ва таҳаккумӣ аст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Маъмурияти Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ аз оғоз сомондиҳӣ ба вазъияти фарҳангу дониш дар кишвар ва сиёсатгузорӣ дар ин ду мақула, ҳидояти дастгоҳҳои мутасаддии он ба самти арзишҳо ва ҳадафҳои инқилоб ва баровардани ниёзҳои фикрии ин дастгоҳҳову зоҳир шудан дар нақши қароргоҳи фарҳангии Эрон будааст.

 

Барчасп