Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо вазири иқтисод ва молияи Эрон
Рӯзи 14 ноябри соли 2021 дар Теҳрон мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомиддин Зоҳидӣ бо вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Сайид Эҳсони Хондузӣ баргузор гардид.
Ба гузориши сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин мулоқот роҷеъ ба пайгирӣ ва татбиқи тавофуқоти зимни сафари расмии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (16- 18 сентябри соли 2021) ҳосилшуда, аз ҷумла таҳияи «Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон то соли 2030» табодули назар сурат гирифт.
Ҷонибҳо зарурати истифода аз имконот ва зарфиятҳои мавҷударо барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ таъкид карданд.
Бештар бихонед:
- Дидори сафири Тоҷикистон бо вазири додгустарии Эрон
- Дидори сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо вазири нерӯи Эрон