Ноябр 15, 2021 16:10 Asia/Dushanbe
  • Подоши 324 миллиард тумонии ФИФА дар интизори тими миллии Эрон

Тими миллии футболи Эрон дар сурати роҳёбӣ ба Ҷоми ҷаҳонӣ подоши 12 миллион долларӣ дарёфт мекунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Федерасиюни байналмиллалии футбол(ФИФА) подоши тимҳоро барои ҳузур дар Ҷоми ҷаҳонӣ афзоиш додааст .

Тими миллии футболи Эрон дар остонаи роҳёбӣ ба Ҷоми ҷаҳонӣ аст ва бартарӣ дар дидори фардо баробари Сурия тақрибан хаёли шогирдони Скочичро барои ҳузур дар Ҷоми ҷаҳонӣ роҳат мекунад .
Аммо Федерасиюни футболи Эрон низ метавонад ин бор даромади қобили таваҷҷуҳе аз ин раванд дошта бошад .

Бар ин асос бо тавваҷуҳ ба афзоиши 22 дарсадии подоши тимҳо аз сӯии ФИФА 12 миллион доллар муодили тақрибан 324 миллиард тумон дар ихтиёри Федерасиюни футболи Эрон қарор мегирад .

Ҳамчунин дар сурате, ки тими миллии Эрон муваффақ шавад барои аввалин бор аз марҳалаи гуруҳӣ суъуд кунад, ду миллион доллари дигар низ ба даст хоҳад овард .



Бештар бихонед :