Гузориши твиттерии Амир Абдуллоҳиён аз дидор ва гуфтугӯ бо вазири хориҷаи Туркия
Ноябр 16, 2021 10:39 Asia/Dushanbe
Вазири хориҷаи Эрон, бо интишори твитте дар мавриди дидору гуфтугӯ бо вазири хориҷаи Туркия тавзеҳ дод.
Ҳусейни Амир Абдуллоҳиён бо интишори твитте навишт дар дидори самимӣ ва дустона бо Мавлуд Човуш Уғлу, вазири хориҷаи Туркия тавофуқ кардем, ки дар мавриди як нақшаи дарозмуддат барои тавсеаи беш аз пеши равобити дуҷониба кор кунем.
Амир Абдуллоҳиён дар идома навишт: аз мизбонии бародарам Мавлуд Човуш Уғлу дар Теҳрон хурсандам.
Вазири хориҷаи Эрон такид кард: дар хусуси мавзуоти минтақавӣ аз ҷумла Афғонистон низ баҳсу табодули назар шуд.
Амир Абдуллоҳиён дар ин твитте навишт: барои густариши равобит бо Туркия маҳдудияте қоил нестем.
Барчасп