Ноябр 17, 2021 13:27 Asia/Dushanbe

Тими миллии футболи Эрон мувафақ шуд дар дидоре аз тими Сурия бо натиҷаи 3 бар сифр ба бартарӣ даст ёбад то бо 16 имтиёз, бо иқтидор дар садри гурӯҳи "А" қарор дошта бошад.

Эрон бо голҳои Сардор Озмун, Эҳсони Ҳоҷисафӣ ва Алии Қулизода муқобили Сурияи мизбон ба пирӯзӣ расид.

Голзании Эрон дар дақиқаи 33 оғоз шуд ва паси баланди Ваҳиди Амирӣ аз замини Эрон ба Сардор Озмун расид ва шумораи 20 Эрон тавонист голи аввали бозиро ба самар бирасонад. 

Сардор Озмун бо ин гол тавонист ба рекорди голзании Ҷаводи Накӯном дар тими миллӣ бо 39 гол бирасад ва дар канори ин бозикуни собиқи тими миллӣ, сеюмин голзани бартари тими миллӣ ном гирифт.

Ду тим нимаи нахусти бозиро бо натиҷаи ду бар сифр ба нафъи Эрон ба поён бурданд.

Эрон дар нимаи дувум чанд мавқеияти голи дигар дошт, аммо натавонист аз ин мавқеъиятҳо истифода кунад то ин ки дар дақиқаи 89 Алӣ Қулизода тавонист дар ҳаракати текникӣ ва фардӣ голи севуми Эронро ба самар бирасонад ва бозӣ бо ин се гол ба поён расид.

Шогирдони Скочич дар ин бози Амири Обидзодаро дар дарвоза дошт ва бозиро бо ҳузури Содиқи Муҳарами, Эҳсони Ҳоҷсафи, Шуҷоъи Халилзода, Саъиди Изатуллоҳи, Умеди Нурафкан, Аҳмади Нуруллоҳи, Ваҳиди Амири, Муҳаммадҳусаейни Канъонизодагон, Алии Қулизода ва Сардор Озмун дар нимаи нахуст оғоз кард.

Аз чор бозии ояндаи боқимондаи Эрон се бозӣ дар Варзишгоҳи Озодӣ баргузор мешавад.

Скочич бо пирӯзии Эрон муқобили Сурия ба давоздаҳумин бурд бо тими миллӣ даст ёфт. Аз 13 бозии гузашта Эрон танҳо муқобили Кореяи Ҷанубӣ ба тасовӣ даст пайдо кардааст.

Бозбии баъди Эрон ҳафтуми баҳманмоҳ дар варзишгоҳи Озодӣ ва муқобили Ироқ хоҳад буд.

Дар гурӯҳи "В" Арабистони Саудӣ ба монанди Эрон 16 имтиёз дорад ва садрнишин аст ва Австралия бо 11 имтиёз дар радаи дувум қарор гирифта аст.

Дар дигар бозии ин гуруҳ Кореаи Ҷанубӣ тавонист се бар сифр Ироқро шикаст диҳад ва бо ду имтиёзи камтар баъд аз Эрон дар радаи дувум боқӣ монад.

Тими миллии Эрон бо ин пирӯзӣ бо 10 имтиёз ихтилоф нисбати тими радаи сеюм (Иморот) дар садри гуруҳи "А" қарор дорад.

Тими миллии Эрон ҳамакнун дар остонаи расидан ба Ҷоми ҷаҳонӣ қарор дорад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп