Ноябр 22, 2021 13:58 Asia/Dushanbe
  • Тавсиъаи равобити тиҷоратӣ ва иқтисодии Эрон ва Чин

Мудири кулли умури байналмиллалии Вазорати таъовун, кор ва рифоҳи иҷтимоъии Эрон гуфт: Бо истифода аз тавонмандӣ ва зарфияти сафорати Чин дар Эрон, равобит ва муносибатҳои тиҷоратии ду кишвар густариш меёбад.

Ба гузориши хабаргузори ИРНА, Ҳомиди Фурузон, мудири кулли умумри байналмиллалии Вазорати таъовун кор ва рифоҳи иҷтимоъии Эрон дар нишасти ҳамкориҳои иқтисодии Чин ва Эрон афзуд: Равобити танготанги байни ду кишвар вуҷуд дорад ва бояд аз зарфиятҳои иқтисодии мавҷуд дар густариши равобити Эрон ва Чин истифодаи беҳина шавад.

Шу Чин Сунг раиси дафтари бозаргонии Чин дар Эрон низ бо ишора ба иродаи ҷиддии мавҷуд байни ширкатҳои чинӣ ва ширкатҳои эронӣ дар афзойшиш муносибатҳо ва ҳамкориҳои дуҷониба гуфт: Тамоюли давлатҳо ва мардуми Ҷумҳурии Исломи Эрон ва кишвари Чин, истеҳкоми равобит аст ва бо ҳамкории ду тараф метавон пешниҳодҳои мавҷуд дар густариши ҳамкориҳоро ба таври ҷидди пайгирӣ ва иҷро кард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп