Ноябр 24, 2021 11:49 Asia/Dushanbe
  • Раванди судури раводид барои шаҳрвандони афғонистонӣ ҷиҳати сафар ба Эрон

Дастёри вазири хориҷаи Эрон гуфт: Раванди осонсозии вуруди қонунии шаҳрвандон ба Эрон беҳтарин роҳи мубориза бо вуруди ғайриқонунии қочоқи инсон ва бисёре аз рафторҳои ҳанҷоршиканона аст.

Сайд Расули Мусавӣ, мудири кулли ғарбӣ Осиёи Вазорати хориҷаи Эрон бо интишори видеое аз сафи мутақозиёни раводиди Эрон дар консулгарии Эрон дар Ҳирот навишт, рӯзи сешанбе барои 1509 нафар раводиди вуруд ба Эрон, фақат дар Ҳирот содир шудааст. Афғонҳо дар ҳоли ҳозир болотарин ҷамъияти паноҳандагон ва паноҳҷуён, ҳудуди 3 миллион нафар дар саросари ҷаҳонро доро мебошанд. Бо рӯи кор омадани Толибон ва афзоиши ҳарҷумарҷ пас аз хуруҷи фаврӣ ва бебарномагии нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон теъдоди шаҳрвандони афғонистонӣ, ки аз марзи ин кишвар ба таври ғайриқонунӣ гузаштанд байни 30 то 40 дарсад дар муқоиса бо қабл афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп