Ноябр 24, 2021 13:14 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ: Басиҷиён метавонанд дар ҳамаи масоили умумии кишвар мушкилкушо бошанд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати ҳафтаи басиҷ, хитоб ба ҳамаи басиҷиён фармуданд: Бо эътимоду таваккул бар Худованди доно ва тавоно метавонед дар ҳамаи масоили умумии кишвар ва миллат асарбахшу мушкилкушо бошед.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон бо табрики ҳафтаи басиҷ бар ҳамагон, ба вижа бар рӯишҳои тозаи ботаровати басиҷ афзуданд: Басиҷиён ҳамчунон монанди насли пеш аз худ, фарзандони маҳбуби имоми роҳили азимушшаънашонанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ фармуданд: Басиҷиён қадрдони ҷойгоҳи худ бошанд ва бидонанд, ки бо ҳиммати баланд ва дар партави хирадмандиву дурустандешӣ ва бо эътимоду таваккул бар Худованди доно ва тавоно метавонанд дар ҳамаи масоили умумии кишвар ва миллат асарбахшу мушкилкушо бошанд. Ин таҷрибаи чанд даҳаи миллати Эрон аст.

Ҳазрати имоми Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон 26 ноябри 1979 ( панҷуми озари 1358 ) фармони ташкили Созмони басиҷи мустазъафонро содир карданд. Басиҷиён тайи чаҳор даҳаи ахир на танҳо дар арсаҳои мухталифи дифоӣ ва низомӣ аз низоми Ҷумҳурии исломии Эрон ҳимоят кардаанд, балки дар заминаи илму фанноварӣ низ ҳамвора пешрафтҳои чашмгире ба армуғон овардаанд. Муваффақияти тафаккури басиҷӣ дар Эрон ба унвони маркази сақали ҳаракати инқилоб ва низоми Ҷумҳурии исломӣ, ба улгӯе барои дигар миллатҳои минтақа низ табдил шудааст.

 

 

 

 

 

Барчасп