Вазорати умури хориҷа иддаои Баҳрайн дар бораи Ҷумҳурии Исломии Эронро рад кард
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба баёнияи вазорати кишвари Баҳрайн, ҳаргуна иддаои мақомоти Манома мабни бар кашфи силоҳи маводи мунфаҷира ва иртиботи он бо Эронро рад кард.
Саъиди Хатибзода хотирнишон кард, чунин иддаоҳои дуруғин аз сӯи мақомоти Баҳрайн ҳамзамон бо баргузории иҷлоси гуфтугуҳои Манома, ки ба минбар алайҳи Эрон бадал шуда буд нишон аз нафаҳмидани дарки Баҳрайн нисбат ба масоили минтақа аст.
Хатибзода афзуд, давлати Баҳрайн иртибот бо режими номашруъи саҳюнистиро бар иртибот бо мардуми худ тарҷеҳ дода аст ва аз таҳақуқи мутолиботи мадании онҳо худдори мекунад.
Сухангуи Вазорати умумри хориҷаи Эрон гуфт, давлати Баҳрайн наметавонад бо ингуна иттиҳомоти дуруғин бар мушкилоти дохили ва хориҷии худ сарпуш бигузорад.
Идораи огоҳӣ ва таҳқиқоти ҷиноятии вобаста ба вазорати корҳои дохилаи Баҳрайн аз дастгири унсурҳои терраристӣ ва аз байн бурдани тарҳи терраристии онҳо хабар дод ва иддаои иртиботи онҳо бо Эрон шуд.