Шикасти гуфтумони ҷабҳаи истикбор дар арсаи майдон ошкор аст
Фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ гуфт, заволи ва пажмурдагӣ дар чеҳра ва шикасти гуфтумони ҷабҳаи истикбор дар арсаи майдон ошкор шудааст.
Адмирал Алиризо Тангсерӣ, дар боздид аз ҷазираи Абу Мусо, дар ҷамъи фармондеҳон ва басиҷиёни мустақар дар ин ҷазира, ба муносибати гиромидошти Ҳафтаи басиҷу арзёбии омодагиҳои дифоӣ тасреҳ кард, душманон бо сарфи ҳазинаҳои ҳангуфт дар Афғонистон, Ироқ, Яман, Лубнон ва Сурия, шикаст хӯрдаанд ва сардаргум ҳастанд.
Вай ҳамчунин гуфт, ҷавонони ғаюри басиҷӣ ва басиҷиён ҳамонанди гузашта бо рӯҳияи ҷиҳодӣ ва инқилобӣ, омодагии комил барои анҷоми маъмуриятҳои хатири созмонӣ дар ҳифзи амнияти марзҳо ва ҷомеъа ва ҳамчунин ироаи хизматрасониҳои муъминона барои рафъи мушкилоти мардум дошта бошанд.
Ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон 26 ноябри 1979 фармони ташкили Созмони басиҷи мустазъафонро содир карданд. Басиҷиён тайи чаҳор даҳаи ахир на танҳо дар арсаҳои мухталифи дифоӣ ва низомӣ аз низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳимоят кардаанд, балки дар заминаи илму фанноварӣ низ ҳамвора пешрафтҳои чашмгире ба армағон овардаанд.