Истиқболи Чин дар азсаргирии музокироти Ожонсии атомӣ бо Эрон
Мақомоти Чин аз саргирии музокирот ва сафари мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба Теҳронро мусбат арзёбӣ карданд.
Ван И, вазири умӯри хориҷаи Чин гуфт, Пекин бо ҳар иқдоме, ки дар бораи БарҶом ихлол эҷод кунад, мухолиф ва муътақид аст, мавозеъи Эрон дар ин замина мунсифона аст.
Пеш аз ин Ван Вэн Бин, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин гуфта буд, Пекин умедвор аст, музокироти ожонс бо Эрон ба ҳалли сӯи тафоҳумот мунҷар шавад.
Чжао Литсзян дигар сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин низ гуфт, Пекин ҳамвора бар ин бовар аст, ки ҳифз ва иҷрои Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак танҳо роҳи саҳеҳ ва муассир барои ҳаллу фасли мавзӯи ҳастаии Эрон аст.
Мақомоти Чин мегӯянд, дар музокирот мушорикати созандае хоҳанд дошт ва қотеъона аз БарҶом ҳимоят хоҳанд кард ва барои ҳалу фасли сиёсӣ ва диплмотии мавзӯи ҳастаии Эрон талош мекунанд.
Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ки сешанбе 23 ноябр ба Теҳрон сафар карда буд, дар ин сафар бо вазири умури хориҷа ва раиси Созмони энержии атомии Эрон дар бораи идомаи ҳамкориҳои ожонс бо Теҳрон дар заминаи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.
Бештар бихонед: