Дарёдори Эронӣ: Болотарин фанновариро дар саҳнаи амал ироа мекунем
Фармондеҳи неруи дарёии артиши Эрон гуфт: Имрӯз Ҷумҳурии Исломӣ ин тавонмандиро дорад, ки болотарин фанновариро дар саҳнаи амал дар заминаҳои зердарёӣ ва новшиканҳои сангин ва сабук дар шаклҳои мухталиф ироа мекунад.
Адмирал Шаҳроми Эронӣ рӯзи шанбе дар нишасти хабарӣ ба муносибати ҳафтуми озар Рӯзи неруи дарёии артиши Эрон изҳор кард: Имрӯз дар умқи уқёнуси Ҳинд ва Дарёи Сурх машғули иҷрои амалиёти бисёр ҳаётӣ ва ҳасос ва муҳим ҳастем ва тавонистем багунае амал кунем, ки амният барои ҳамаи минтақа ва ҷаҳон барқарор бошад.
Адмирали Эронӣ дар посух ба савол дар бораи асароти таҳрим бар саноати дифоъии Эрон изҳор кард: Таҳримҳо бардошта шавад ё нашавад барои мо фарқе намекунад.
Вай хотирнишон кард: Ин ки мо бихоҳем фуруши силоҳ дошта бошем, дар ҳавзаи тасмимгирӣ ва ихтиёроти ман нест, яқинан ин тавонмандиро ҷомеъаи илмӣ ва санъатии Ҷумҳурии Исломӣ Эрон имруз бо қудрат ба ҷаҳониён ироа карданд.
Адмирали Эронӣ ёдовар шуд: Вақте душман нуқтаи фишорро бар мардуми мо мутамаркиз мекунад ва беҳдошти морро таҳрим мекунад, яъне дигар хеле оҷиз ҳаст ва тавонмандии он дар саҳнаи амал ва дар саҳнаи разм ба поёнтарин сатҳи мумкин расида ва беобуруӣ минтақаро тарк мекунанд лизо мардумро нуқтаи ҳадаф қарор медиҳанд, албата аз душман чунин чизе ҷадид нест ва борҳо ва борҳо таҷруба кардем.
Вай дар посух ба саволи дигар дар бораи размоиши муштараки "Зулфиқор 1400" ва таҷҳизоти неруи дарёӣ артиши Эрон дар ин размоиш изҳор кард: Дастовардҳои муҳиме, ки мо дар муштараки "Зулфиқор 1400" дар ҳавзаи дарёӣ доштем таҷҳизоти наве, ки ба мо илҳоқ шуда буд дар заминаи амалиёти ҳузур пайдо кард ва мо барои онҳо вазифаи амалиёти таъриф кардем ва ба лутфи Худо ин таҷҳизотро дар саҳнаи амал озмоиш кардем, ки Худоро шукр мекунем, ки бисёр муввафақ буданд.