Декабр 03, 2021 18:11 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, бо фавти 78 нафари дигар аз мубталоён ба Ковид -19 дар шабонарӯзи гузашта, теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 130 ҳазору 66 нафар расид.

Маркази равобити умумии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи ҷумъа дар иттилоияе эълом кард: Аз дирӯз, панҷшанбе то имрӯз -ҷумъа ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 3 ҳазору 603 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки 649 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд ва маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар кишвар ба 6 миллиону 129 ҳазору 199 нафар расид.

Вазорати беҳдошти Эрон дар ин иттилоияе афзуд: То кунун 6 миллиону 129 ҳазору 199 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

Бар асоси омори расмии кишварҳо вируси корона то кунун беш аз 264 миллиону 612 ҳазор нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз 5 миллиону 253 ҳазор нафар низ бар асари бемории Ковид -19 ҷони худро аз даст додаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп