Муовини бурунмарзии Садо ва Симо: Расонаҳои бурунмарзӣ бояд таҳаввулгаро бошанд
-
Наврӯзӣ:расонаҳои бурунмарзӣ бояд таҳаввулгаро бошанд
Муовини бурунмарзии Садо ва симо гӯфт,расонаҳои бурунмарзи бояд ба самти таҳаввулгарои ҳаракат кунанд
Ба гузориши Садои Хуросон, Аҳмади Наврӯзӣ-муовини ҷадиди бурунмарзии Садо ва Симои Эрон дар ҷараёни боздид аз радиҳои бурунмарзӣ дар Садо ва Симои бурунмарзии Хурусони Разавӣ гуфт:Барои эҷоди таҳаввул дар расона ҳамаи имконоти мавҷуд дар расонаи миллӣ, бояд дар хидмати тавлидоти муъассир ва ҷараёнсоз бошад ва ҳамаи омилҳои ғайри иҷроӣ ва ғайри тавлидӣ ,ҳамчун неруҳои ситоди ва имконоти он мебояд дар хидмати тавлиди муъассир қарор бигиранд.
Вай афзӯд :Кор дар расонаи миллӣ бо кормандӣ дар соири идораҳо мутафовит аст; ба вижа дар расонаҳои бурунмарзӣ халлоқият ва таҳаввулофарини, таҳқиқ ва пажуҳиш бояд меҳвари тавлид бошад ва фақат кормандӣ мадди назар набошад.
Вай бо ишора ба шароити вижаи кишварҳои дӯст, ҳамсоя ва минтақа таъкид кард: Радиоҳои дарӣ ва тоҷикӣ аз муҳимтарин радиоҳои бурунмарзӣ дар минтақа ҳастанд ва мо дар тақвияти онҳо бештар аз гузашта талош мекунем.

Дар ибтидои ин маросим Мӯҳсини Насрпур,мудири кулли Садо ва Симои Хуросони Разавӣ бо ташреҳи амалкарди Садо ва Симо ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Хуросони Разавӣ хостори баҳрамандии расонаи миллӣ аз нухбагонӣ афғонӣ ва тоҷикӣ ва таъсиси фиристонандаҳои ФМ дар шаҳрҳои дорои шаҳрвандони хориҷии болои 100 ҳазор нафар шуд.
Бештар бихонед:
Интисоби Аҳмади Наврӯзӣ ба симати муовинати бурунмарзии расонаи миллӣ.