Декабр 09, 2021 15:44 Asia/Dushanbe
  • Густариши равобити устонҳои Хуросони Ҷанубӣ ва Фароҳи Афғонистон

Равобити тиҷории устонҳои Хуросони Ҷанубии Эрон ва Фароҳи Афғонистон густариш меёбад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Муҳаммади Сиддиқифар, сарконсули Эрон дар Ҳироти Афғонистон дар дидор бо Ҷаводи Қаноат, устондори Хуросони Ҷанубӣ гуфт, волии ҷадиди Фароҳ барои барқарории иртибот бо Эрон аз тариқи Хуросони Ҷанубӣ ибрози алоқа карда ва дидор бо устондор барои эҷоди равобити иқтисодиро хостор аст.

Сарконусли Эрон дар Ҳироти Афғонистон афзуд, се устони Фароҳ, Ҳирот ва Нимрӯзи Афғонистон бо марзҳои шарқии Эрон ҳамсоя ва ҳаммарз ҳастанду Афғонистон барои Хуросони Ҷанубӣ метавонад як авлавият ва мавқеияти хуби тиҷорӣ ва иқтисодӣ бошад.

Вай гуфт, хати роҳи оҳани Хоф ба Фароҳ ва ҷодаи Моҳируд ба Фароҳ ду авлавияти муҳим аст. Сиддиқифар ҳамчунин аз фароҳам кардани тасҳилоти муносиб барои тараддуд дар марзи Эрону Афғонистон аз сӯи консулгарии Эрон хабар дод.

Қаноат низ гуфт, бояд аз тамомии зарфиятҳо бавижа марзҳои муштарак бо Афғонистон ба хубӣ баҳрабарад.

Устондори Хуросони Ҷанубӣ бо таъкид бар истифодаи беҳтар аз бозорчаи Моҳируд гуфт, устондории Хуросони Ҷанубӣ аз имзои тафоҳумномаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Афғонистон истиқбол мекунад.