Декабр 10, 2021 16:23 Asia/Dushanbe
  • Билотаклифии бозикунони тоҷики

Ду бозикуни тоҷикистонии "Персполис" ҳамчунон билотаклиф ҳастанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабари-таҳлилии Андешаи муосир, ду бозикуни тоҷикистонии Персполис ҳамчунон дар билотаклифӣ қарор доранду вазъияти онҳо барои бастани қарордод бо бошгоҳи Персполис аслан мушаххас нест. Ҳанонов ва Сафаров аз замони вуруд ба Эрон ҳануз хонаи ҷудогонае надоранд, аммо бо ин ҳол дар гуфтугу бо дӯстонашон дар тим муддаӣ шуданд, аз зиндагӣ дар Эрон розӣ ҳастанд ва дар Эрон ба онҳо хуш гузашта аст. Онҳо чанд бор барои гаштугузор дар Теҳрон ва ҳамчунин ороиши мӯ аз меҳмонхона хориҷ шуданду ботаваҷҷуҳ ба ошноӣ бо забони форсӣ, ҳисси ғарибӣ дар пойтахти Эрон надоранд. Ду хариди хориҷии Персполис ҳануз дастмузде аз бошгоҳ нагирифтаанд, чаро ки қарордоди расмие ҳам бо Персполис мунъақид накардаанд. Қарор аст ба маҳзи боз шудани панҷара, қарордоди худро имзо ва пеш пардохтеро дарёфт кунанд.

Барчасп