Декабр 10, 2021 16:42 Asia/Dushanbe
  • Фарохони чаҳорумин Конфронси байналмилалии ҳуқуқи башари амрикоӣ аз дидгоҳи Раҳбари муаззами инқилоб

Дабири кулли Созмони ҷавонони ҳуқуқи башари Ҷумҳурии Исломии Эрон аз баргузории чаҳорумин Конфронси байналмилалии ҳуқуқи башари амрикоӣ, аз дидгоҳи мақоми муаззами раҳбарӣ дар Эрон хабар дод.

Амини Ансорӣ, дабири кулли Созмони ҷавонони ҳуқуқи башари Эрон бо баёни инки ҳуқуқи башари амрикоӣ вожае бадеъ(навоварона) аст, ки Раҳбари муаззами инқилоб онро ба сӯрати ҳадафманд матраҳ карданд, афзуд, бо илҳом аз ин вожа, чаҳорумин Конфронси байналмилалии ҳуқуқи башари амрикоӣ аз дидгоҳи Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ июни 2022 дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд.

Ансорӣ афзуд, таърихи ирсоли мақолот ба дабирхонаи ҳамоиш то моҳи майи 2022 аст ва алоқамандон ба ширкат дар ин ҳамоиш ба адрес: www. humanrights - youth. com ва ҳамчунин бо дабирхонаи маҷозӣ бо эмейли info@www . humanrights - youth . com дар иртибот бошанд.

 

Барчасп