Боқирии Канӣ: Ширкаткунандагон дар музокироти Вена барои расидан ба тавофуқ гуфтугӯ карданд
Муовини вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, ширкаткунандагон дар музокироти Вена барои расидан ба тавофуқ гуфтугӯ карданд.
Алии Боқирии Канӣ, муовини сиёсии вазири умӯри хориҷа ва музокиракунандаи аршади Эрон дар музокироти Вена дар бораи даври ҳафтуми гуфтугӯҳои рафъи таҳримҳои золимона зидди Эрон гуфт, тафовути даври ҳафтуми музокироти Вена бо даврҳои қабл ин буд, ки дар ин давр, давлати ҷадид дар Ҷумҳурии Исломии Эрон шакл гирифта ва тими ҷадиде, масъулияти музокиротро бар ӯҳда гирифтааст, ин тим бар асоси дастӯруламалҳое, ки дошт чорчӯбҳоеро барои идомаи гуфтугӯҳо тадвин кард.
Вай афзуд, дар даври ҳафтуми гуфтугӯҳо, нигоҳи ҳамаи ширкаткунандагон дар музокирот ин буд, ки битавонанд бо як нигоҳи рӯ ба ҷилав гуфтугӯҳоеро шакл бидиҳанд, ки дидгоҳҳои тарафайнро дар масири тавофуқ ба ҳам наздик кунад.
Боқирии Канӣ гуфт, пешниҳодҳое, ки ҳафтаи гузашта ба 1+4 ироа шуд, дидгоҳҳо ва мавозеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи пешнависе буд, ки дар даври шашуми музокирот ҷамъбандӣ шудааст.
Нишасти Комиссиюни муштараки БарҶом рӯзи панҷшанбе бо ҳузури намояндагони гурӯҳи 1+4, Иттиҳоди Аврупо ва Эрон баргузор ва муқарар шуд, гуфтугуҳо дар хусӯси мутуни пешниҳодии Эрон дар сутӯҳи мухталиф идома ёбад.