Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Эрон имрӯз муқтадиртарин кишвар дар минтақа аст
Хатиби намози ҷумъа Теҳрон гуфт : Эрони имрӯзи муқтадиртарин кишвар дар минтақа аст ва дар ҷаҳон низ мавқеияте дорад, ки ҳеҷ кишваре ҷуръати ҳамла ба худаш намедиҳад.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, ҳуҷҷатулислом валмуслимини Козими Сиддиқӣ дар хутбаи дувуми намози ҷумъаи Теҳрон дар бораи мавзӯи музокирот гуфт, давлати инқилобӣ ва мардумӣ бино дорад бо ҳамаи кишварҳои дунё муртабит бошад ва таомули ҳакимона ҳамроҳ бо иззатро паймегирад.
Вай афзуд, дар ин фазои ҷадид, ки низоми Ҷумҳурии исломӣ ва ин шаҷараи тайиба, ки решадор ва мустаҳкам шуда ва тоби муқовимат дар баробари ҳамаи чолишҳо ва тӯфонҳои байналмилалӣ ва ҷаҳониро дорад, ба иллат шароите аст, ки дар дунёи имрӯз ба нафъи мо рақам мехӯрад.Хатиби намози ҷумъа Теҳрон гуфт, Амрико дар давраҳои мухталиф бавижа дар замони Трамп дар се ҷабҳа алайҳи низоми Ҷумҳурии исломӣ тавтеаҳояшонро иҷроӣ карданд, яке аз онҳо хазонадории Амрико буд, дувум вазорати умури хориҷа буд, ки бо мусофиратҳои мустамар ба кишварҳои мухталиф давлатҳоро маҷбур мекарданд, ки бо мо таъомул накунанд ва бо таҳрими ширкатҳо ва ашхос ҷаримаҳои золимона аз он ҳо гирифтанду нуктаи сеюм созмони СИА буд, ки аз ибтидои инқилоб то ба имрӯз дар садади норозӣ кардани мардум бо фишорҳои иқтисодии таҳримҳои байналмилалӣ будааст то ба баҳонаи қаҳтӣ ва нобасомонӣ, мардум алайҳи низому инқилобашон шӯриш кунанд.
Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сиддиқӣ гуфт, аммо бо тадбири ҳакимонаи раҳбари муаззами инқилоб ва басирату истиқомат ва пойдории мардум ин пайванди ногусастании мардум бо низом боис шуд, ки худашон эътироф кунанд, ки ба натиҷа нарасиданд ва ҳаргиз ба аҳдофашон нахоҳанд расид.