Муовини гумрук: Муносибати тиҷории Эрон ва Афғонистон тавсеа меёбад
Муовини тавсеаи мудирият ва манобеи гумрукии Эрон таъкид кард, ки ба манзури тавсеаи бозорчаҳои марзӣ ва афзоиши муносиботи тиҷорӣ бо Кобул, зерсохтҳои марзӣ ва бозорчаҳои марзӣ дар се устони ҳаммарз бо Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба гузориши равобити умумии гумрук, Аҳмад Зокирӣ, муовини тавсеаи мудирият ва манобеи гумруки Эрон гуфт, боздидҳои майдонӣ аз марзи "Милак" ва бозорчаи марзии "Гамшод" сурат гирифт ва аз наздик мушкилот ва мавонеъи тавсеаи фаолияти тиҷорӣ дар ду сӯи марзҳои Эрон ва Афғонистон мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт.
Зокирӣ афзӯд, муқарар шудани тасмимоти ҳамоҳангӣ барои таколифи дастгоҳои фаъол дар ҳавзаи сиёсатӣ хориҷӣ ва тиҷорӣ барои тавсеаи равобити тиҷорӣ, ҳамлу нақл ва гумрук бо Афғонистон ахаз мешавад.
Бо ҳузури Ҳасани Козимии Қумӣ, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон ба ҳамроҳи намояндагони гумрук, вазорати хориҷа, вазорати САМТ, ҷиҳоди кишоварзӣ ,устондориҳо ва ниҳодҳои амниятӣ аз рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта боздиди се рӯза аз марзҳои бозорчаҳои марзӣ барои тақвияти муносибатҳои тиҷорӣ бо Афғонистон аз гумруки минтақаъи вижа ва бозорчаи Дуғорун дар устони Хуросони Разавӣ оғоз шуд.
Бештар бихонед: