Таъкиди хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бар рафъи якпорчаи таҳримҳо дар музокироти БарҶом
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i78314-Таъкиди_хатиби_намози_ҷумъаи_Теҳрон_бар_рафъи_якпорчаи_таҳримҳо_дар_музокироти_БарҶом
Хатиби ҷумъаи Теҳрон дар хутбаи дувуми намози ҷумъаи имрӯз бо ишора ба мавзӯи музокироти ҳастаии Эрон дар даври ҷадид гуфт, ин давр бо ҳадафи рафъи таҳримҳои якпорча ва мубтанӣ бар масъулиятпазирии ду тараф бо қувват оғоз шудааст.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Декабр 17, 2021 19:19 Asia/Dushanbe

Хатиби ҷумъаи Теҳрон дар хутбаи дувуми намози ҷумъаи имрӯз бо ишора ба мавзӯи музокироти ҳастаии Эрон дар даври ҷадид гуфт, ин давр бо ҳадафи рафъи таҳримҳои якпорча ва мубтанӣ бар масъулиятпазирии ду тараф бо қувват оғоз шудааст.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳоҷиалӣ Акбарӣ дар бахши поёнии хутбаи дувуми намози ҷумъаи имрӯзи Теҳрон бо ишора ба ин ки тарафи муқобил талош мекунад, хати таҳрифро барои муташанниҷ кардани дохил ва барҳам задани тамаркузи ҳайати эронӣ ва имтиёзгирӣ дунбол мекунад, афзуд: Онҳо муваффақ нахоҳанд шуд ва бояд истиқбол кунанд аз ин ки Эрон бо вуҷуди аҳдшиканиҳои онон дубора ҳозир шудааст дар музокирот ширкат кунад ва ин миннате аст, ки мо бар гардани онҳо дорем, зеро онҳо аҳд шикастаанд ва бояд акнун онҳо истиқбол ва ҳамроҳӣ кунанд.

Вай гуфт, меҳвари музокирот рафъи якпорчаи таҳримҳо ва тааҳҳудпазир кардани Амрико ва тарафи аврупоӣ аст.

 

Бештар бихонед: