Тиҷорати 33 миллиард долларии Эрон бо ҳамсоягон
(last modified Sat, 18 Dec 2021 09:16:32 GMT )
Декабр 18, 2021 14:16 Asia/Dushanbe
  • Тиҷорати 33 миллиард долларии Эрон бо ҳамсоягон
    Тиҷорати 33 миллиард долларии Эрон бо ҳамсоягон

Сухангӯи гумруки Эрон аз тиҷорати 33 миллиард долларии Эрон бо ҳамсоягон тайи 8 моҳи имсол хабар дод.

Саидруҳуллоҳ  Латифӣ, сухангӯи гумруки Эрон гуфт, аз тиҷорати 110 миллиону  284 ҳазор  тонии  Эрон ба арзиши 63 миллиарду  132 миллион доллар дар ҳашт моҳаи имсол, 68 миллион тон коло ба арзиши 33 миллиард доллар бо кишварҳои ҳамсоя буда, ки 62 дарсад вазн ва 52 дарсад арзиши тиҷории кишварро ба худ ихтисос додааст.

Ваӣ дар хусуси тиҷоратӣ Эрон  то 22 ноябри соли ҷорӣ тавзеҳ дод, тиҷорати 68 миллион тонии Эрон ба арзиши 33 миллиард доллар бо 15 кишвари ҳамсояи худ, дар ҳашт моҳаи имсол нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл  19 дарсад дар вазн ва 45 дарсад дар арзиш рушд доштааст.

Сухангӯи гумруки Эрон  дар хусуси тартиби мақсадҳои  содироти ба кишварҳои ҳамсоя афзуд, Ироқ бо рушди 13 дарсаду 21 миллиону 636 ҳазор тон коло  ба арзиши 6 миллиарду 113 миллион доллар, Туркия бо рушди 128 дарсад,11 миллиону  351 ҳазор тон коло  ба арзиши се миллиарду  768 миллион доллар, Иморот бо рушди панҷ дарсад, ҳафт миллиону 289 ҳазор тон коло ба арзиши ду миллиарду  935 миллион доллар, Афғонистон  бо коҳиши 16 дарсади се миллиону 57 ҳазор тон коло ба арзиши як миллиарду 271 миллион доллар ва Покистон  бо рушди 28 дарсади як миллиону  866 ҳазор тон коло ба арзиши 764 миллион доллар, панҷ кишвари аввали ҳамсоя  дар хариди маҳсулоти эронӣ ҳастанд.

Бештар бихонед: