Кумаки консулгарии Эрон ба 350 хонавода дар Мазори Шарифи Афғонистон
Консулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Мазори Шарифи Афғонистон ба 350 хонаводаи бемакону ниёзманд дар ин шаҳр кумак кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидҳасан Яҳявӣ-сарконсули Эрон дар Мазори Шарифи Афғонистон гуфт : Дар идомаи кумаку ҳамкориҳои башардӯстонаи худ барои миллати Афғонистон ба 350 хонаводаи бемакону ниёзманд маводи аввалия, маводи сӯзишворӣ ва кампал додем.
Вай афзуд : Ҳадафи Эрон коҳиши дарду ранҷи бародарони афғонистонӣ ва тақсими ин кумакҳо ба манзури марҳам гузоштан ба захмҳои миллати мазлуми Афғонистон аст.
Яҳявӣ тасреҳ кард: Ҳамчунон иқдомоти ин чунинӣ аз сӯи Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ ( раҳ ) дар сатҳи устони Балх анҷом шуда ва дар оянда низ кумаку ҳамкориҳои бештар дар дастури кори Эрон қарор дорад .
Сарконсули сафорати Эрон дар Мазори Шарифи Афғонистони ибрози умедворӣ кард, ки масъулони ҳукуматии Афғонистон низ барои коҳишу бартарафии фақру бекорӣ гомҳои усулӣ ва зербиноӣ бардоранд ва ниҳодҳои хусусӣ ва мардумӣ низ аз ҳеҷ кумаке ба фуқарову беҷошудагони дохилӣ дареғ накунанд .
Вай бо ишора ба ҳамкорӣ ва истодагии миллати Ҷумҳурии исломии Эрон дар канори миллати мазлуми Афғонистон гуфтааст : Кумаку ҳамкориҳои Эрон ба мардуми ранҷдидаи Афғонистон идома хоҳад дошт .