Роҳи ҳалли Афғонистон ташкили давлати фарогир бо ҳузури ҳама ақвом аст
Вазири умӯри хориҷаи Эрон гуфт : Роҳкори аслии ташкили давлати фарогир бо мушорикати ҳамаи ақвоми Афғонистон аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бомдоди якшанбе дар Исломобод-пойтахти Покистон эълом кард : Мавзӯи аслии ҷаласаи фавқулоддаи вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ пардохтан ба таҳаввулоти Афғонистон аст, ки Ҷумҳурии исломии Эрони нигарониҳое дар хусӯси ин таҳаввулоту перомуни он дорад .
Вай падидаи рушди тероризм дар Афғонистон ва масъалаи мавҷи оворагону паноҳндагон таи моҳҳои гузашта ба самти Ҷумҳурии исломии Эронро аз ҷумлаи нигарониҳои Теҳрон унвон кард ва гуфт : Муътақидем роҳкори масъалаи Афғонистон дар гарави ташкили давлати фарогир бо мушорикати ҳама ақвом аст .
Вазири умӯри хориҷаи Эрон ибрози умедворӣ кард, ки таи ҷаласаи изтирории Созмони ҳамкорӣ исломӣ битавонем дар ҷиҳати ташкили давлати фарогир дар Афғонистон ба таври яксадо паёме ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҳайати ҳокимаи муваққат дар кишвари ҳамсоя бидиҳем.
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён бо ишора ба равобити наздику бародаронаи ду кишвари дӯсту ҳамсояи Эрону Покистон гуфт : Теҳрон як нигоҳи вижаву дорои авлавият ба ҳамсоягон дорад ва дар ин миён Покистон ҷузви ҳамсоягони хуби Эрон аст .
Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон барои ширкат дар нишасти фавқуулоддаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ бо дастури кори баррасии авзоъи Афғонистон, дар сарварии як ҳайати сиёсӣ бомдоди якшанбе ба вақти маҳаллӣ вориди Исломобод-пойтахти Покистон шуд .
Амирабдуллоҳиён қарор аст зимни суханронӣ дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои исломӣ охирин мавозиъи Эрон дар баҳси Афғонистон ва таҳаввулот перомуни минтақаро ташреҳ кунад.
Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар ҳошияи нишасти Исломобод бо бархе ҳамтоёни худ аз кишварҳои мухталиф аз ҷумла вазири умӯри хориҷаи Покистон дидор хоҳад кард .