Декабр 19, 2021 12:54 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон барои рафъи таҳримҳо бисёр ҷиддӣ аст

Намояндаи Русия дар музокироти Вена гуфт : Тардиде надорад, ки Теҳрон барои дастёбӣ ба тавофуқ барои рафъи таҳримҳо дар марҳилаи замонии кӯтоҳ бисёр ҷиддӣ аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Михаил Улянов-намояндаи Русия дар созмонҳои байналмиллалӣ дар Венаи Австрия дар паёми тветтирӣ навишт : « Ба унвони раиси ҳайати русӣ дар гуфтугуҳои Вена, ки аз наздик бо ҳайати Эрон дар иртибот буда, тардиде надорам, ки Теҳрон дар бораи дастёбӣ ба тавофуқ барои эҳёи Барҷом ва рафъи таҳримҳо дар бозаи замонии кӯтоҳ бисёр ҷиддӣ аст » .
Вазорати умӯри хориҷаи Русия низ рӯзи шанбе бо ишора ба поёни даври ҳафтуми музокироти Вена барои рафъи таҳримҳои якҷониба ва золимонаи Амрико алайҳи Ҷумҳурии исломӣ ибрози умедворӣ кард, ки даври ҳаштуми музокирот ба суръат ба натиҷа бирасад ва тавофуқ ҳосил шавад .
Вазорати хориҷаи Русия ҳамчунин дар идома афзуд, ки ҳамчунон масоили сиёсии душвори зиёдӣ боқӣ аст, аммо ҳамаи тарафҳои музокиракунандагон азми худро барои талош барои амал ба фавритарин вазифаи муштарак яъне бозгардондани Барҷом ба чорчӯби мавриди тавофуқи аввалия бидуни « замимаҳо » ва « маофиятҳо » таъид мекунанд .
Даври ҳафтуми музокироти Вена дар давлати ҷадиди Эрон рӯзи 29 ноябр дар пойтахти Австрия оғоз шуд ва дар ниҳоят Эрон дар аввали декабр ду санад дар бораи рафъи таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Ҷумҳурии исломӣ ва фаъолиятҳои ҳастаии Эрон ба тарафҳои муқобил ироа кард ва идомаи даври ҳафтуми музокироти Вена пас аз як вақфа дар 9 декабр аз сар гирифта шуд ва рӯзи ҷумъа ( 17 декабр ) даври ҳафтуми музокирот ба поён расид ва тарафҳои музокиракунанда барои ройзаниҳои бештар ба пойтахтҳои худ бозгаштанд.

 

Барчасп