Декабр 19, 2021 14:55 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши тими миллии пауэрлифтинги Эрон дар рақобатҳои ҷаҳонии Русия

Намояндагони тими миллии пауэрлифтинги Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии Русия то кунун 15 нишони тилло, нуқра ва бринҷӣ ба даст овардаанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон пресс, ҳафтумин давраи мусобиқоти ҷаҳонии пауэрлифтинг дар Русия бо дурахшиши миллипӯшони эронӣ ҳамроҳ буда ва намояндагони шоистаи Эрон то кунун зимни касби 15 медали тилло, нуқра ва бринҷӣ рекордҳои наве низ ба номи Эрон сабт карданд .
Дар ҳафтумин давраи ин мусобиқот, ки то ( душанбе ) идома хоҳад ёфт 2700 варзишкор аз 31 кишвари ҷаҳон дар радаҳои синнии мутахаллифи мардону занон ҳузур доранд .
Тими 22 нафараи пауэрлифтинги Ҷумҳурии исломӣ дар радаҳои синнии навҷавонон, ҷавонон, бузургсолон ва пешкисватон  ҳузури пурқудрат аз худ ба намоиш гузоштааст.
Раҳо Рашидӣ,ки танҳо намояндаи бонувони Эрон дар радаи синнии навҷавонон ва дар вазни 56 килограми ин мусобиқот аст дар рӯзи дувуми мусобиқот бо дурахшиши хиракунанда тавонист зимни касби ду тилло  унвони бартарин духтари варзишкори навҷавони ҷаҳонро ба даст оварад .

 

Барчасп