Декабр 21, 2021 16:21 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии тими миллии футзали Эрон дар муқобили Италия

Тими миллии футзали Эрон дар нахустин дидори дӯстонаи худ баробари Италия ба пирузӣ расид.

Ба гузориши хабарнигори Меҳр, тими миллии футзали Эрон душанбешаб дар нахустин дидори тадорукотии худ баробари Италия бо натиҷаи 6 бар 4 пирӯз шуд.

Дар ин бозӣ, ки соати 20:45 (ба вақти Теҳрон) дар шаҳри Салсомаҷоре Терме (Salsomaggiore) баргузор шуд, Маҳдии Каримӣ (се бор), Муҳаммади Шаҷарӣ, Ҳусейни Тайибӣ ва Саиди Аҳмад Аббосӣ барои Эрон голзанӣ карданд.

Дувумин бозии ду тим имрӯз сешанбе баргузор мешавад.

Италия худро омодаи ҳузур дар мусобиқоти қаҳрамонии Евро- 2022 мекунад ва дидор бо Эрон охирон бозии тадорукотии ин тим маҳсуб мешавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп