Қолибоф бар тақвияти равобити Тоҷикистон таъкид кард
Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гуфт, маҷлис омодаи фароҳам кардани заминаҳои тавсеаи равобити Теҳрон ва Душанбе дар ҳамаи заминаҳо аст.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе дар паёме, ки дар саҳфаи шахсии худ дар паёмрасони Твиттер мунташир кард, дар дидор бо Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломи дар хусуси густариши ҳамкориҳои ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон дар ҳавзаи порлумонӣ ва дигар заминаҳо гуфтугӯ ва табодули назар шуд.
Вай афзуд, оқои Қолибоф бо ишора ба иштирокоти зиёди Эрон ва Тоҷикистон, бар омодагии Маҷлиси Шӯрои Исломӣ барои тақвият ва тавсеаи муносиботи ду кишвар таъкид кард.
Бештар бихонед: