Декабр 23, 2021 18:07 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Эрон бо мовини вазири нафти Эрон

Ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон дар бахши энергетика баррасӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузори Ховар, Низомиддин Зоҳидӣ бо Аҳмад Асадзода, мовини вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор роҳои тақвияти ҳамкорӣ байни ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ва Эрон дар заминаҳои мухталиф баррасӣ шуд.

Ҳамчуини ҳарду тараф дар ин мулоқот бар лузуми истифода аз фурсатҳо ва тавонмандиҳои мавҷуд барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.

 

Барчасп