Декабр 25, 2021 18:44 Asia/Dushanbe
  • Размоиши Паёмбари аъзам ( с ), ки аз душанбеи ҳафта қабл оғоз шуда буд, рӯзи ҷумъа поён ёфт
    Размоиши Паёмбари аъзам ( с ), ки аз душанбеи ҳафта қабл оғоз шуда буд, рӯзи ҷумъа поён ёфт

Размоиши муштараки Паёмбари аъзам ( с )-17, ки аз субҳи душанбеи ҳафтаи гузашта дар соҳилҳои халиҷи Форс, тангии Ҳурмуз ва минтақаи умумии устонҳои Ҳурмузгон, Бушиҳр ва Хузистон оғоз шуда буд, рӯзи ҷумъа поён ёфт.

Сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ - раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон бо баёни инки баргузории размоиши Паёмбари аъзам ( с ) аз қабл тарроҳӣ шуда буд, афзуд: Ба рағми таҳдидҳои фаровон ва беасоси сарони режими саҳюнистӣ ин размоиш дар замони муқарар анҷом шуд ва ҷузви муваффақтарин размоишҳои мушакии Ҷумҳурии исломии Эрон то кунун буд .
Агарчӣ таҳдидҳои режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон тозагӣ надорад, аммо бо шурӯи музокироти Вена барои лағви таҳримҳои Эрон ёвагӯиҳои режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон низ вориди марҳилаи тозае шуд . Мақомҳои ин режим дар ҳафтаҳои ахир бо таҳаррукоти дипломотӣ кушиданд фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии Эронро таҳдиде барои суботу амнияти минтақа ҷилва диҳанд . Таҳдидҳои режими саҳюнистӣ бар зидди Эрон агарчӣ инъикосе аз ҷанги равонӣ ва таҳаррукоти таблиғотии муштараки Амрико ва Исроил аст, аммо ин лафзбозиҳо бидуни посух намондааст .
Сарлашкар Ғуломалии Рашид-фармондеҳи қароргоҳи марказии Хотамулнбиё ( с ) Сипоҳи посдорон бо баёни ин ки таҳдиди марокизи ҳастаӣ-низомии Эрон аз суи режими саҳюнистӣ бидуни чароғи сабз ва ҳимояти Амрико имконпазир нест, таъкид кард : « Дар сурате ки таҳдидҳое аз ин даст ҷанбаи амалӣ ба худ бигирад, неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломӣ бидуни диранг ҳамаи марокиз, пойгоҳҳо, масир ва фазои истифодашуда барои убур ва мабдаи таҷовузро бар асоси тарҳҳои амалиётии тамриншуда мавриди ҳамлаи кубанда қарор хоҳад дод . »
Фазосозиҳо ва таҳаррукоти Исроил дар ҳоле аст, ки сулҳомез будани фаъолиятҳои ҳастаии Эрон пайваста мавриди таъиди масъулон ва бозрасони Ожонс қарор гирифтааст . Дар воқеъ ин Исроил аст, ки бо бархурдорӣ аз силоҳи атомӣ ва фаъолиятҳои террористӣ ва харобкорона таҳдиде барои сулҳ дар минтақа ба ҳисоб меояд.
 Маҷиди Тахтиравончи-намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллал дар ҳамин хусус чанде қабл дар номае ба Шӯрои Амният зимни ишора ба « афзоиши мудовим » ва теъдоду шиддати « таҳдидҳои таҳрикомезу моҷароҷуёна » режими Исроил ёдовар шуд, ки ин таҳдидҳо ба сатҳи ҳушдордиҳандае расида ва нақзи фоҳиши ҳуқуқи байналмилал ба вижа моддаи  4  маншури Миллали Муттаҳид аст .
Ба назар мерасад мақомҳои режими Исроил дар як тақсими кори ҳисобшуда бо « фазосозӣ » ва « таҳдид » саъй доранд аз гузинаи таҳдиди низомӣ бар зидди Эрон барои ташдиди фишорҳои сиёсӣ ва амниятӣ истифодаи ҳаддиаксарӣ кунанд ва бар раванди музокироти Вена таъсири манфӣ бигузоранд . Ин таҳдидҳо аммо ҳатто аз сӯи ҳомиёни Исроиил беарзиш арзёбӣ шудааст .
Рӯзномаи " Нию-Йорк таймс " дар гузорише навишт: Мақомоти аршади низомии режими саҳюнистӣ муътақиданд ин режим чунон ки иддао мекунад қодир ба анҷоми иқдоми низомии муассир алайҳи таъсисоти ҳастаии Эрон нест .

Андешакдаи амрикоии Шӯрои Атлантика ҳам дар таҳлиле ҳушдор дод : " Ихтисоси буҷети яку ним миллиард долларӣ ба артиши Исроил барои омода шудан дар баробари ҳамлаи Эрон танҳо оғози ҳазинаҳо хоҳад буд ва ҳамлаи меҳвари муқовимат пайомадҳои нуҷумӣ барои Исроил хоҳад дошт . "

Бо ин ҳол режими саҳюнистӣ бо тавваҷуҳ ба моҳияти таҷовузкорона ва буҳронсози худ мумкин аст қасди шарорату зарба задан ба гуфтугуҳои Венаро дошта бошад . Аз ин рӯ неруҳои мусаллаҳи Эрон барои муқобила бо ин шароратҳо  сатҳи омодагиҳои заруриро афзоиш додаанд . Он гуна, ки сарлашкар Ҳусайни Саломӣ - фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ҳошияи баргузории марҳилаи ниҳоии размоиши муштараки Паёмбари аъзам ( с )- 17 тасреҳ кард баргузории ин размоиш бавижа дар бахши мушакии дорои паёмҳои бисёр возеҳ ва ошкор аст .
Паёми ин размоиш ҳушдори ҷиддӣ, воқеӣ ва майдонӣ ба таҳдидҳои мақомоти режими саҳюнистӣ аст, ки муроқиби иштибоҳот ва хатоҳои худ бошанд ва агар даст аз по хато кунанд, дастонашонро қатъ хоҳем кард .



Бештар бихонед:

 

Барчасп